Бо анҷоми пахши силсилафилми «Тӯбо», шабакаи ifilm2 ба зудӣ намоиши мавсими аввали силсилафилми маҳбуби «Пойтахт»-ро оғоз мекунад; силсилафилми мазҳакавӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагӣ, ки дар тӯли солҳо ба яке аз маъруфтарин ва сербинандатарин осори телевизиони Эрон табдил ёфта, миллионҳо тамошобинро дар кишварҳои форсизабон ҳамроҳи худ кардааст.
«Пойтахт 1» бо коргардонии Сирус Муқаддам, таҳиягарии Илҳом Ғафурӣ ва тарроҳӣ ва нависандагии Муҳсин Танобанда, нахустин бор дар Наврӯзи соли 1390 пахш шуд ва бо шахсиятсозии хос, шӯхиҳои баргирифта аз зиндагии ҳаррӯза ва фазои самимии хонаводагӣ, оғози силсилафилмеро рақам зад, ки баъдан дар ҳафт мавсим идома ёфт.
Достони мавсими аввал зиндагии хонаводаи «Нақии Маъмулӣ»-ро пайгирӣ мекунад; хонаводае, ки барои оғоз кардани зиндагии нав аз шимоли Эрон ба Теҳрон мераванд. Аммо ин кӯч, бар хилофи интизориҳои онҳо, бо силсилае аз рӯйдодҳои пешбининашуда ҳамроҳ мешавад; аз мушкилоти марбут ба хонаи нав то иқомати маҷбурӣ дар мошини боркаши «Арасту». Ҳамин рӯйдодҳо мавқеиятҳои хандаовар ва ҳамзамон инсонӣ меофаранд, ки дар канори мазҳака, ба аҳамияти ҳамдилӣ, пайвандҳои хонаводагӣ ва умед дар баробари сахтиҳои зиндагӣ низ мепардозанд.
Яке аз омилҳои мондагории ин силсилафилм, қаҳрамонҳо ва шахсиятҳои он мебошанд, ки ҳар кадом ҳувият ва вижагиҳои хоси худро доранд; шахсиятҳое, ки бисёре аз тамошобинон худ ё атрофиёни худро дар рафтор ва гуфтори онҳо мебинанд. Ҳамин наздикӣ ба зиндагии воқеӣ боис шудааст, ки «Пойтахт» пас аз солҳо ҳам тароват ва ҷозибаи худро ҳифз кунад.
Дар ин мавсим Муҳсин Танобанда, Римо Роминфар, Аҳмад Меҳронфар, Алиризо Хамса, Ризо Бунафшахоҳ, Киёнуш Гиромӣ, Самира Ҳасанпур, Пурё Пурсурх, Пежмон Бозиғӣ, Афшин Сангчоп ва шуморе дигар аз ҳунармандон нақш офаридаанд.
Бар ин асос, мавсими аввали силсилафилми «Пойтахт» аз ҷумъа,14 августи соли 2026 ҳар шаб соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи ifilm2 пахш мешавад.